17:15, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чор роҳбари ширкати Самсунг мавриди пурсиш қарор мегиранд

Дар доираи парвандаи амалҳои ришваситонӣ атрофи президенти Кореяи Ҷанубӣ

Пак Кин Хе коммиссияи махсус пурсиши такрории ноиби роҳбари ширкати Самсунг Ли Чже Ёнро ҳамчун гумонбар дар ин қазия анҷом дод. Намояндаи расмии прокуратура изҳор дошт, ки вобаста ба ин парванда ҳамчунин чор каси дигар аз роҳбарони ширкати Самсунг ҳамчун гумонбар мавриди пурсиш қарор мегиранд. Қаблан маълумот дода шуд, ки гӯё додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ дархост оид ба боздошти Ли Чже Ёнро бекор карда бошад. Қарор дар хусуси содир кардани дархост оид ба боздошту мавриди пурсиш қарор додани роҳбарони дигари ширкати мазкур баъди бозпурсии гумонбарон қабул карда мешавад. Моҷарои сиёсӣ атрофи президенти Кореяи Ҷанубӣ аз моҳи октябри соли гузашта баъди он, ки гӯё дӯсташ дар фаъолияти ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад, ба амал омада буд. Дар Воситаҳои ахбори омма маълумоте интишор шуд, ки гӯё яке аз шахси наздики президент бо номи Чхве Сунн Сил дар корҳои давлатдорӣ дахолат карда, дар қабули қарорҳои муҳим саҳм мегузоштааст. Айни ҳол ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, президентро лозим омад, ки муваққатан аз ваколатҳояш даст кашад.