21:46, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нисбати роҳбари бонки марказии Испания айбнома эълон карда шуд

Нисбат ба собиқ роҳбари бонки марказии Испания Мигел Анхел

Фернандес Ордонес бо ҷурми ғйриқонунӣ ба фурӯш баровардани қогазҳои қимматноки яке аз бонкҳои калонтарини кишвар «Банкия» дар биржаи молу ашё айбнома эълон карда шуд. Бонки мазкур соли 2011-ум дар ҳолати душвори иқтисодӣ қарор дошт. Зеро дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани фурӯши коғазҳои қимматнок сармоягузороне, ки аз бонки «Банкия» саҳмияҳои калон доштанд, миллионҳо евро зарар дида буданд. Ҳамин тариқ, додгоҳи Испания нисбат ба Ордонйеса ва чандин намояндаи собиқи воломақоми кишвар, аз ҷумла роҳбари комиссияи оид ба қоғазҳои қимматнок Хулио Сегуре расман айбнома эълон намуд. Вобаста ба ин парванда аллакай собиқ вазири иқтисод Родриго Рато, ки дар солҳои 2010-2012 роҳбарии бонки мазкурро бар дӯш дошт, мавриди пурсиш қарор гирифта буд. То ин дам ӯ дар мақоми ноиби сарвазир дар ҳукумати Хосе Мария Аснара солҳои 1996-2004 ва дар солҳои 2004-2007 дар вазифаи роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор фаъолият карда буд. Моҳи майи соли 2012 баъди камтар аз як соли ба фурӯш баровардани қоғазҳои қимматнок, бонки Банкиа аз ҷониби ҳукумат кумаки молӣ дастрас карда буд. Зеро бонки мазкур мустақилона имкони бартараф кардани мушкилоти ба вуҷуд омадаро надошт. Худи роҳбарияти бонкро дар он айбдор карданд, ки ҳангоми пешниҳоди гузориш дар бораи ҳисоботи корхона маълумоти нодурустро интишор карданд.