11:53, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Алексис вазири молияи Олмонро танқид кард

Сарвазири Юнон Алексис Тсипрас изҳор медорад, ки

аз фаъолияти ҳукуматдорон барои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ рӯзҳои наздик натиҷагирӣ карда мешавад. Дар сурати баҳои мусбат гирифтанаш ба Юнон қарзи навбатӣ аз ҷониби қарздиҳандагони байналмилалӣ дастрас карда мешавад. Алексис Тсипрас ҳамчунин иброз намуд, ки айни ҳол қарзидаҳандагони байналмилалӣ интихоботи Нидерланд, Франсия ва Олмонро интизоранд. Зеро дар сурати дигар шудани роҳбарони ин кишварҳо эҳтимол дар шартномаи қаблан ба тавофуқ расида низ тағйирот ворид карда шавад. Сарвазир Алексис Тсипрас вазири молияи Олмон Волфганг Шойблеро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ аз канслери Олмон Ангела Меркел тақозо намуд, ки ба изҳороти вазири молия дар хусуси интиқоди Юнон оид ба ислоҳоти иқтисодиаш диққат диҳад. Волфганг Шойбле чанде қабл изҳор дошт, ки дар сурате як қисми қарзи Юноро мебахшанд, ки Афина аз минтақаи гардиши евро хориҷ шавад. Чанд рӯз қабл дар пойтахти Белгия шаҳри Брюссел вохӯрии намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор ва гурӯҳи Аврупо баргузор гардид, ки дар он масъалаи буҳрони молии Юнон ва ихтисори қарзи ӯ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳарчанд дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки Юнон вобаста ба барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар роҳи дуруст меравад, вале иштирокчиён оид ба кам кардани қарзи Афина ба мувофиқаи ниҳоӣ наомаданд. Гуфтушуниди мазкур рӯзи 20-уми феврал зимни вохӯрии вазирони молияи минтақаи гардиши евро идома хоҳад ёфт.