11:43, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нашри маҷаллаи "Тоҷикистон" бахшида ба “25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия”

Дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркия (DEIK) ва рӯзномаи иқтисодӣ-сиёсии “Дунё” санаи 9 феврали соли 2017 маҷаллаи "Тоҷикистон" бахшида ба “25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия” ба теъдоди 67 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар мақолаҳои маҷалла ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, имконияти рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳалӣ, зарурати ҳамкориҳои муштарак дар татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон тасвир гардидааст. Муҳтавои мақолаҳои маҷалла аз мавҷудияти иқтидори фаровони ду кишвар ва омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои фарогир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад.