17:40, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Палатаи ҳисоб дар соли 2016, 530 санҷиши аудиторӣ гузаронид

Соли 2016-ум аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар асоси нақшаи таҳрезишуда дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 530 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуда, зарари молиявиро наздики 224 миллион сомонӣ муайян кардаанд. Ин нукта зимни нишасти масъулони Палатаи ҳисоби кишвар бо намояндагони васоити ахбори омма таъкид гардид. Иброз шуд, ки маблағи умумии зарари ошкоргардида, аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камоамад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанавсӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ва амсоли он муайян карда шудааст. Дар рафти санҷишҳои ошкоргардида, чораандешӣ шуда, ба буҷет ва корхонаҳо зарари молиявӣ дар ҳаҷми 51 миллиону 586 ҳазор сомонӣ барқарор гардидааст. Соли гузашта дар 14 шаҳру навоҳии кишвар низ санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа 319 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 10 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст. Дар натиҷа 8 миллиону 147 ҳазор сомонӣ ҳамчун товони зарари молиявӣ барқарор гардида, 13 маводи санҷишӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 132 ҳазор сомонӣ барои қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шудаанд. Масъулин иброз доштанд, ки барои пешгирӣ аз амалҳои номатлуби дорои хусусияти коррупсионӣ соли 2017-ум нақшаҳои санҷиширо боз ҳам пурзӯр карда, дар самти кам кардани зарари иқтисодӣ ба кишвар саҳм хоҳанд гузошт.