00:18, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Сомон Эйр» нархи чиптаро ба самти Тошканд муайян кард

Аввалин парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд -Душанбе

20 феврал фаъол хоҳад гашт. Дар ин бора котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Темур Бандишоев иттилоъ дод. Бино ба иттилои Т. Бандишоев, арзиши чипта ба як самт бо назардошти маблағи хизматрасониҳои фурудгоҳ аз 1164 сомонӣ шурӯъ мешавад. Арзиш пеш аз ҳама, аз рӯи маблағи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои як мусофир дар фурудгоҳи Тошканд, ки 76 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, асоснок мегардад. Дар назар аст, ки баъди гузаронидани мулоқот бо фурудгоҳи Тошканд ва дар ҳолати гирифтани тахфиф ба хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, имконияти коҳиш додани нархи чиптаҳо дар самти мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Кушодашавии хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осон ва дар баробари ин ширкати ҳавопаймоӣ тавассути хатсайрҳои транзитӣ самти парвозҳои худро аз фурудгоҳи Тошканд ба дигар кишварҳои ҷаҳон зиёд намояд. Вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 10-00 рӯзона мебошад. Вақти парвоз аз шаҳри Тошканд соати 12-00 нисфирӯзӣ сурат мегирад. Парвоз 45 дақиқаро дарбар хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, ки 10 феврал ҳавопаймо бо хатсайри санҷишӣ ва иштироки намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон парвоз мекунад. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният доранд бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» музокирот намуда, тамоми масъалаҳои ташкилиро вобаста ба кушодани хатсайри мунтазам баррасӣ намоянд. Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад.