06:43, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Марин Ле Пен 340 000 евроро ба хазинаи парлумони Аврупо барнамегардонад

Роҳбари Ҳизби ҷабҳаи миллии Франсия - Марин Ле Пен аз баргардонидани

340 ҳазор евро ба хазинаи парлумони Аврупо даст кашид. Ба таъкиди ҷониби Брюссел ин миқдор маблағро Ле Пен ба таври ғайриқонунӣ харҷ кардааст. 300 ҳазор евро ба ҳайати кормандони дафтари кории Марин Ле Пен, ки чун ёрдамчии ӯ дар Страсбург сабти ном шуда буданд, пардохт гардидааст. Вале дар асл, онҳо дар Франсия будаанд. 40 ҳазор еврои дигарро ба муҳофизони Ле Пен, ки дар парлумон чун ёварон сабти ном шуда будаанд, пардохт намудаанд. Муҳлати пардохти қарз акнун ба анҷом расид. Ҳамакнун аз музди меҳнати вакилии Ле Пен 50 дарсади он чун қарз ба хазинаи парлумони Аврупо баргардонида мешавад. Хадамоти Аврупо оид ба мубориза бо қаллобӣ нисбат ба ин қазия ду сол тафтишот бурдааст. Худи Ле Пен айбномаро қатъин рад намуда, талаби баргардонидани вомро кори рақибони сиёсиаш унвон кардааст. Сиёсатмадорзан нисбат ба амалкарди маъмурияти парлумони Аврупо ба прокуратураи шаҳри Брюссели Белгия шикоят бурд. Прокуратураи Франсия низ моҳи декабри соли гузашта вобаста ба ин айбнома тафтишотро оғоз намуда буд. Бо гузашти чанд вақт ҷониби Париж ҳоло ягон хулоса набаровардааст.