06:46, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 70 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шуд

Дар рафти нишасти мабуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти яксолаи

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулон иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 70 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 17 ширкати он фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ монда, ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғул мебошанд. Иброз гардид, ки дар соли 2016 минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба маблағи 77,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Инчунин ҳаҷми сармоягузории мустақим дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба маблағи 896,7 миллион сомонӣ расидааст. Таъкид рафт, ки соли 2015 сарфи назар аз таъсири равандҳои глобалӣ рушди мусбат дар соҳҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин карда шуд. Дар ин давра, Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 54 ҳазору 471,1 миллион сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он 6,9 дарсадро ташкил намуд. Рушди мусбии иқтисоди ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 20,3 дарсад, маҳсулоти саноатӣ 16,0 дарсад, гардиши савдои чакана 6,4 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 5,2 дарсад таъмин шуд.