16:57, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"

Имрӯз, 28-уми январи соли равон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и пойтахт боздид ба амал овард. Дар ҷараёни шиносоӣ Раиси шаҳр ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофибар, бахусус троллейбусҳо мароқ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯйи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад. Зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарӣ ва техникии корхона ба фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда ва ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Тавре зикр гардид, баробари фароҳам омадани шароити лозимӣ, ба вижа таъмини бемамониати қувваи барқ фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, махсусан троллейбусҳо бояд ба таври куллӣ тағйир дода шавад. Роҳбари шаҳр ҷиҳати таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофиронон дар назди масъулини корхона вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, бо ҷалби воситаҳои техникию нақлиёти тозабакори фарогирифташуда хизматрасонӣ ба мусофирон дар 2 баст (то соати 23:00 шаб) ба роҳ монда шавад. Инчунин, вобаста ба беҳтар кардани вазъи имрӯзаи корхона, аз ҷумла таъмиру таҷдиди минтақҳои таъмирталаби хатҳои барқтаъминкунанда ва мумфарш (асфалтпӯш) намудани даромадгоҳҳои корхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.