17:51, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ нахуст дар вохӯрии хоссаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов мувофиқа гардида, сипас дар нишасти васеъ бо иштироки ҳайатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, гумрук, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мазкур, иҷрои нақшаи қарорҳои ҷаласаи 13-ум ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2015-2018, инчунин рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд. Доир ба бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда, ки ба рушду тавсеаи бештару хубтари ду давлати ба ҳам дӯст таъсири манфӣ мерасонанд, табодули афкор сурат гирифта, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия, роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии байнидавлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва мусоидат ба беҳтарсозии вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ таъкид намуданд. Дар анҷом аз ҷониби ҳамраисони Комиссия-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов қарори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо карда шуд. Вобаста ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ роҳбарони ҳайатҳо бо изҳороти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баромад намуда, натиҷаҳои вохӯрии имрӯзаро барои ҳарду ҷониб манфиатбор арзёбӣ карданд.