06:51, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Агентии коррупсия дар соли 2016, 1 190 санҷишҳои молиявӣ гузаронид

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соли 2016 дар самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилоти байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, сабъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1 ҳазору 190 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 385,6 миллион сомонӣ зарари молиявро ошкор намуд. Дар доираи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 637 маводи тафтишӣ ба маблағи умумии зарари молиявӣ 241,4 миллион сомонӣ баҳри андешидани чораҳои қонунӣ фиристода шудаанд. Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ низ 1 ҳазору 833 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 594 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Ҳамчунин таъкид рафт, ки 553 адад ҷиноятҳои қаллобӣ, 31 адад ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 87 адад ҷиноятҳои вобаста ба порахурӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ муайян ва ошкор гардидаанд. Маблағи умумии зарари аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 187,2 миллион сомониро ташкил намуда, аз он 96,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуда, баҳри рӯёнидани маблағи зарари боқимонда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.