06:40, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазорати молия: рушди воқеии ММД 9% афзоиш ёфт

Зимни нишасти хабарӣ роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

қайд намуданд, ки дар соли 2016 новобаста аз таъсири беруна рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2015-ум 9 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми номиналии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, ба 54,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба маблағи 17,5 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 95,7 дарсад таъмин гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 781,2 миллион сомонӣ кам ҳисобида шуд. Гарчанде, ки қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2016-ум барзиёд иҷро гардида бошанд ҳам, вале дар миқёси ҷумҳурӣ 20 – шаҳру ноҳияҳо иҷроиши қисми даромади буҷетро аз рӯйи сарчашмаҳои даромади дохилӣ таъмин карда натавонистаанд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 205,5 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Зикр шуд, ки барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки 48,4 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин карда шудааст.