05:47, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад

Мулоқоти навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсия дар доираи тадбирҳо дар самти мубориза бо ришваситонӣ бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Таъкид шуд, ки муқовимат бо коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро дар бар гирифта, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба он мусоидаткунанда ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва пешрафти иқтисодиёту таъмини амнияти кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард. Зикр гардид, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб буда, эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад ва ба амнияти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар мулоқот бо кормандони ин ниҳод гуфта шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ки яке аз бузургтарин марказҳои омода намудани ронандагон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад бояд ҳолатҳои коррупсионӣ дар он пурра аз байн бардошта шаванд.