18:46, 18 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон дар соли 2016 аз Қазоқистон беш аз 1 млн тонна гандум ворид кардааст

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз фаъолияти худ дар соли 2016-ум натиҷагирӣ намуданд. Тавре таъкид шуд, ба ҷумҳурӣ асосан ғалла ва орд аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуда, дар ин давра беш аз як миллион тонна гандум ба нархи миёнаи 224 доллари амрикоӣ барои 1 тонна ва 88,8 тонна орд бо нархи миёнаи 324 доллари амрикоӣ барои 1 тонна ворид карда шудааст. Таъкид гардид, ки нисбат ба соли 2015-ум гандум 16,9 дарсад зиёд мебошад, аммо орд 36,8 фисад камтар аст. Истеҳсоли орд дар корхонаҳои ватанӣ соли гузашта 587 ҳазору 383,2 тоннаро ташкил додааст, ки ба 96,5 дарсади соли 2015-ум баробар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ-гумрукӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ шакар ба миқдори 93,4 ҳазор тонна ворид гардидааст. Инчунин воридоти равғани рустанӣ 85,4 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 2 дарсад зиёд шудааст. Зикр рафт, ки аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ дар соли 2016-ум ба ҷумҳурӣ 472 ҳазору 247 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст. Дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ бо мақсади муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ ба истеъмолкунандагон, ҷиҳати танзими муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагон дар самти хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хадамот як қатор таҳлилу омӯзишҳо гузаронида шудааст. Соли 2016-ум дар умум қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 24 ҳазору 218 сомонӣ ошкор гардид. Инчунин 40 ҳазору 542 сомонӣ даромади беасос ошкор ва 36 ҳазору 979 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.