07:00, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон дар соли 2016 ба хориҷи кишвар 2,7 ҳазор тонна намак содирот кард

Дар соли 2016 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида,

афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоятҳои Суғд 139,5 дарсад, Бадахшон 117,5 дарсад, Хатлон 105,2 дарсад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 113 ва шаҳри Душанбе 103,3 дарсадро ташкил дод,- гуфта шуд, зимни нишасти матбуотии масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Воситаҳои ахбори омма. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар соли сипаригардида бо иштироки Пешвои миллат дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ-истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Вазифаҳои асосии корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани номгӯ ва ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва воридивазкунанда дар асоси ашёи хоми маҳалӣ мебошад. Аз ҳисоби ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои «Кока-Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва «оби Зулол» истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 80,7 миллион литрро ташкил дод ва воридоти он то 25 дарсад кам гардид. Иқтидори корхонаҳои ордбарорӣ ба коркарди 2 миллион тонна гандум расид. Истеҳсоли намак бошад, ба 35,2 ҳазор тонна ва содироти он ба хориҷи мамлакат ба 2,7 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 102 дарсад зиёд арзиёбӣ мегардад.