11:45, 17 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Волксваген» ба ҳукуматдорони ИМА 4,3 миллиард доллар пул медиҳад

Роҳбарияти ширкати автомобилбарории «Волксваген»-и Олмон розӣ шуданд,

ки барои барқарор кардани муносибатҳои ҳасана ва бартараф кардани моҷарои ба миён омада, ба ҳукуматдорони ИМА дар ҳаҷми 4,3 миллиард доллар пардохт намоянд. Ширкати олмонӣ ҳамчунин гуноҳи худро иқрор карда, изҳор медорад, ки чанд қонуни ИМА-ро поймол намуд. Намояндаи Волксваген мегӯяд бо Вазорати адлия ва хадамоти гумруки ИМА гуфтушунид идома дошта, он дар арафаи анҷомёбист. Натиҷаи ниҳоии гуфтушунид аз ҷониби роҳбарон ва Шӯрои нозирони ширкат бояд ҷонибдорӣ ёбад. Интизор меравад, ки он рӯзҳои наздик амалӣ хоҳад шуд.. Ин ҷо сухан дар бораи ба тавофуқ омадан ҷиҳати пардохти ҷарима дар ҳаҷми 4,3 миллиард доллар меравад. Ғайр аз ин, баъди имзои созишнома сохтори махсус таъсис дода мешавад, ки давоми се соли оянда он фаъолияти ширкати мазкурро назорат мекунад. Бо пардохти 4,3 миллиард доллар ҳаҷми хароҷоти ширкати Волксваген вобаста ба моҷарои бархоста, ба 19,2 миллиард доллар хоҳад расид. То ин дам ширкати мазкур бо ҳукуматдорони ИМА ба тавофуқ расида буд, ки 15 миллиард доллар пардохт менамояд. Моҷарои мазукр аз моҳи сентябри соли 2015 бархоста, дар натиҷаи тафтишот маълум гардид, ки намояндагони ширкати мазкур ихроҷи дуди автомобилро аз меъёри муқаррариаш чанд маротиба камтар нишон доданд. Вале баъдан маълум гардид, ки онҳо қаллобӣ карда, муҳаррикҳои бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда чанд маротиба бештар дуди ғализ хориҷ мекунад. Соли гузашта ҳукуматдорони ИМА ширкати Волксвагенро муваззаф карданд, ки наздики 500 ҳазор автомобили солҳои 2009-2015 истеҳсолкардаи худро бозпас хонад.Гуфта мешавад, ки бо чунин нуқсон 11 миллион адад мошин дар ҷаҳон истеҳсол карда шудааст.