10:55, 24 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Венесуэла дар вартаи бӯҳрони иқтисодӣ қарор дорад

Имрӯзҳо барои соҳибкорони кишвар бисёр давраи мушкил аст.

Бисёре аз тоҷирон тарки кишвар кардаанд. Дар ин бора муовини аввали раиси Шӯрои миллӣ оид ба тиҷорат ва хизматрасонӣ Алфонсо Риера иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ танҳо давоми 10 соли ахир дар мамлакат наздикии 500 ҳазор корхонаву ширкатҳо аз фаъолият боз мондаанд. Соли 1998 дар кишвар 800 ҳазор ширкатҳои хурду бузург фаъолият менамуданд. Айни замон бошад, шумораи онҳо тибқи тахминҳо ба 230 ҳазор рақам зада мешавад. Тайи солҳои охир 2 миллион шаҳрвандони кишвар роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Шумораи ҷойҳои корӣ бошад ба як миллион ихтисор карда шудааст. Ба гуфтаи Риера масъулон барои баромадан аз ин вазъият тадбирҳо андешида истодаанд. Дар робита ба ин масъулин музди моҳҳонаи шаҳрвандонро зиёд намуданд аммо то ҳол натиҷаи мусбӣ надодааст. Ҳафтаи сипаришуда ҳукумати кишвар оид ба баланд бардоштани нафақа ва музди меҳнати шаҳрвандон аз 50 дарсад то ба 40,60 ҳазор боливар эълон намуданд. Ҳамин тариқ, дар моҳи январи соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнати шаҳрвандон 9,6 ҳазор боливарро ташкил медод.