17:34, 21 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 22 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА: Оливер Шмидт дастгир шуд

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико собиқ топ-менеҷери ширкати

автомобилбарории «Волксваген»-и Олмон боздошт гардид. Маълумоти мазкурро рӯзномаи «Зе Ню-Йорк Таймс» бо истинод аз сарчашмаҳои худ интишор намуд. Кормандони Хадамоти федеролии тафтишотӣ дар штати Флорида нафареро бо номи Оливер Шмидт дастгир кардаанд. Ӯ аз соли 2014-ум то моҳи марти 2015-ум роҳбарии шуъбаи оид ба риояи талабу тақозои сохторҳои идоракунандаи Амрикоро ба уҳда доштааст. Прокуратура чунин мешуморад, ки Шмидт бо мақсади фиреб додани ҳукуматдорони Амрико дар ҳамдастӣ бо дигар ҳамкорони ширкат дар хусуси вазъи техникии автомобилҳо маълумоти бардурӯғро пешниҳод намудааст. Ҳамин тариқ, дар гузориш қайд карда мешавад, ки ӯ ва чанд нафари дигар ихроҷи дуди ғализи автомобили ширкати «Волксваген»-ро аз будаш чанд маротиба кам нишон додааст.