05:40, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар як вохӯрӣ ришваситонии баъзе омӯзгорон мавриди муҳокима қарор гирифт

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои ришваситонӣ бо омӯзгорони Гимназияи №53-и пойтахт ба номи Муҳаббат Маҳмудова ва масъулини як қатор боғчаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони Шуъбаи маорифи пойтахт низ ширкат варзида, аз ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои илмӣ изҳори норозигӣ карданд. Таъкид шуд, ки ин падидаи номатлуб дар баробари зарба ба нуфузу эътибори ҷомеа метавонад дар рушди илму маънавиёт ва ҳаёти насли ҷавон таъсири манфӣ гузорад. Зеро доду гирифти пора миёни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва таълимгирандагони онҳо таваҷҷуҳи хонандагонро барои омӯзиши илму маънавиёт камтар мекунад.

Қабули кӯдакон низ дар муассисаҳои томактабӣ мавриди баррасии кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор гирифт. Масъулин бо такя ба маълумоти гирдоваришуда иброз доштанд, ки бархе аз кормандони боғчаҳо барои қабули кӯдакон аз шаҳрвандон маблағ талаб мекунанд. Дар сурати напардохтани маблағи талабкарда бо баҳонаи набудани ҷой дар боғча кӯдаконро қабул намекунанд. Роҷеъ ба рафъи чунин мушиклот намояндагони Шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки барои фаъолияти шаффофи масъулин дар ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ назоратро боз ҳам ҷиддӣ ба роҳ хоҳанд монд.