10:10, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Япония самакмоҳӣ бо арзиши $630 000 фурӯхта шуд

Дар музоядаи машҳури моҳифурӯшии Япония Тсукидзи

боз як рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин навбат дар ин ҷо моҳии кабуд-самакро ба фурӯш бароварданд. Моҳии мазкур, ки 212 килограмм вазн дошт, бо арзиши 630 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Он аз ҷониби роҳбари дорои силсилатарабхонаҳо дар Токио «Sushi zanmai» харидорӣ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ин нафар се соли ахир чунин моҳиҳоро бо нархҳои гуногун харидорӣ карда буд. Тавре маълум гардид, самакмоҳӣ аз Уқёнуси Ором дар бандари Ома, воқеъ дар префектураи Аомори шикор карда шудааст. Музояда оид ба фурӯши моҳиҳои гуногун дар Япония як анъанаи маъмулӣ буда, ҳамасола баъди ҷашнгирии соли нави мелодӣ баргузор карда мешавад. Ҳамин тавр роҳбарони тарабхонаҳо кӯшиш мекунанд калонтарин моҳиро ба даст оранд. Рекорди ҷаҳонӣ соли 2013-ум дар музоядаи Тсукидзи гузошта шуда буд. Чор сол қабл дар ин музояда самакмоҳии кабуд бо нархи як миллиону 750 ҳазор доллар фурӯхта шуда буд. Вазни он 222 килограммро ташкил медод.