10:11, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Чин фурӯш ва коркарди устухони фил манъ карда мешавад

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фурӯш ва коркарди устухони фил

то охирҳои соли 2017-ум манъ карда мешавад. Ин маҳдудият аз 31-уми марти соли 2017-ум тадриҷан дар саросари ин кишвар бояд ҷорӣ гардад. Шӯрои давлатии Чин иттилоъ медиҳад, ки ин тадбирҳо бо мақсади ҷилавгирӣ аз фаъолияти қуруқшиканҳо рӯйи даст гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, фурӯши маҳсулоти аз устухони фил омодагардида дар бозорҳо, мағозаҳо ва интернет манъ карда мешавад. Назорати ин тадбир ба зиммаи Вазорати амнияти ҷамъиятӣ, гумрук, Раёсати хочагии ҷангал, Вазорати саноат ва савдо вогузор мегардад. Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин бозори фурӯши маҳсулоти аз устухони фил омодагардида маҳсуб меёбад. 70 дарсади савдои устухони фил дар ҷаҳон ба ин мамлакат рост меояд. Бо худ доштани устухони фил, шохи каркадан ва пӯсти ҳайвони нодири мӯрчахӯр - панголин дар табақаҳои болои ҷомеаи як қатор давлатҳои Осиё, аз қабили Чин, Корея ва Ветнам рамзи нуфузу эътибор ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин ҳол Хазинаи умумиҷаҳонӣ оид ба олами вуҳуш мегӯяд, ки манъи фурӯши устухони фил дар Чин ба авҷгирии қочоқ дар Гонконг оварда мерасонад. Ба қавли афсари баландрутба оид ба тафтишоти ҷиноӣ нисбат ба олами вуҳуши шуъбаи ташкилоти мазкур - Шерил Ло дар ҳоли ҷорӣ гардидани чунин маҳдудият савдогарон эҳтимол шаҳри бузурги Гонконгро ба бозори афзалиятнок барои ба даст овардани гардиши ғайриқонунии устухонҳои фил табдил диҳанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳукумати Гонконг қаблан оид ба нақшаи манъи фурӯши маҳсулоти аз устухони фил таҳиягардида дар бозорҳои маҳаллӣ то соли 2021-ум эълон дошта буд. Қиммати як килограмм устухони фил метавонад то ба ҳазору 100 доллар ба муомилот бароварда шавад.