08:55, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Кормандони «Люфтганза» маротибаи 15-ум даст ба корпартоӣ заданд

Сарнишинони ҳавопаймоҳои ширкати олмонии «Люфтганза»

ҳамоно аз қарори худ оид ба идомаи корпартоӣ даст кашиданӣ нестанд. Ин навбат дар робита ба корпартоии кормандони ин ширкат наздики 1 ҳазору 700 хатсайри дохилаву хориҷӣ қатъ гардид. Бо доир намудани корпартоӣ сарнишинон мехоҳанд музди меҳнат барои тамоми кормандони ширкат боло бурда шавад. Роҳбарияти ширкат барои ба эътидол овардани вазъият нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ муроҷиат намуд. Вале додгоҳи меҳнати Мюнхен аз баррасии парвандаи ҷиноии кормандони «Люфтганза» худдорӣ намуд. Дар ин баробар мусофирон низ зарари молӣ диданд ва роҳбарияти ширкатро лозим аст, ки манфиатҳои онҳоро низ нодида нагирад. Давоми зиёда аз 2 сол ин аллакай бори 15-ум аст, ки кормандони «Люфтганза» даст ба корпартоӣ мезананд. Ин навбат вазъият нигаронкунанда арзёбӣ гардида, мавҷи бетартибиҳо 2 ҳафта боз хомӯш намегардад. «Люфтганза» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳудуди Аврупо ва миқёси ҷаҳон дониста шудааст.