08:55, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душабе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти унвони «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар рафти ҳамоиш масоили муҳими вобаста ба имкониятҳои рушду тараққиёти соҳаҳои туризм, алоқа, саноати бофандагӣ, фармасефтика ва туризми тиббӣ, сармоягузорӣ ва масъалаҳои бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре қайд гардид, яке аз бахшҳои муҳиме, ки давоми чанд соли охир доираи мутахассисони ду ҷонибро ба ҳам овардааст, энергетика буда, моҳи декабри соли 2007-ум дар доираи ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон созишнома оид ба таҷдиди Неругоҳи барқи обии Варзоб-1 ба имзо расонида шуда буд. Зикр рафт, ки мутахассисони тоҷик ҳамасола дар самтҳои гуногун тариқи барномаҳои мухталиф, ки ҳукумати Ҳиндустон ташкил мекунад, ба омӯзиши амиқ фаро гирифта мешаванд. Мақсад аз баргузории ҷамъомад дар ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба бахшҳои муҳиму ояндадори Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истехсолии муштарак, тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ арзёбӣ гардид.