04:56, 19 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Арзиши гази моеъ 12% коҳиш ёфт

Арзиши гази моеъ дар ҳудуди шаҳри  Душанбе 12% коҳиш ёфт.

Айни ҳол як литри ин навъи сӯзишворӣ 2 сомониву 80 дирам фурӯхта мешавад, ки қаблан ин нархнома баробар буд ба 3 сомониву 40 дирам. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, имрӯз арзиши як литри гази моеъ 2 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад. Масъулон сабаби поин рафтани қимати гази табииро “ба коҳиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ” ва “арзон шудани нархи он дар кишварҳои тавлидкунанда” марбут медонанд. Тибқи иттилои мутахассисон, бо сабаби поин рафтани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши гази моеъ низ дар кишварҳои содиркунандаи ин навъи сӯзишворӣ арзон шудааст. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ворид мекунад.