23:57, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Истихроҷи ангишт ба беш аз 1 млн тонна расонида шуд

Аз аввали сол то 28 сентябри соли равон истихроҷи ангишт

ба зиёда аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 295 ҳазор тонна зиёд мебошад. Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ҳиссаи корхонаҳои зерин, аз ҷумла КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» бо 500 ҳазор тонна, ҶДММ «Талко-Ресурс»- 275 ҳазор тонна, Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик»- 48 ҳазор тонна., КФ КА «Зиддӣ»- 46 ҳазор тонна, ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд»- 35 ҳазор тонна ва ҶСК «Ангишт» бо 34 ҳазор тонна дар таъмини ҳаҷми мазкури истихроҷи ангишт назаррас мебошад. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, махсусан МБГ тамоми тадбирҳоро андешидааст. Новобаста аз мушкилиҳо корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт имкони пурра таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро доранд. Кормандони соҳаи ангишт азм доранд, ки то охири сол иҷрои нақшаҳои солонаи ба зиммагирифтаашонро оид ба истихроҷи ангишт сарбаландона таъмин намуда, 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурии азизамонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба таври сазовор ҷамъбаст намоянд.