09:00, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гурӯҳи геологҳои ҷавони Тоҷикистон бо номи «Кристалл» таъсис дода шуд

Бино ба иттилои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

роҳбарияти ин ниҳод дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз руйи беш аз 170 лоиҳа маблағи зиёда аз 23 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ бо маблағи 149 ҳазору 918 сомонӣ ва дар маҷмуъ бо усули хоҷагидорӣ бо маблағи 23 миллиону 731-ҳазору 366 сомонӣ корҳоро ба субот расонидааст. Ин нишондод ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 573-ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағи аз ҳисоби андози Саридораи геоллогияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷаи давлат воридшуда 67 дарсади маблағҳои барои корҳои иктишофию геологӣ маблағгузоришударо ташкил медиҳад. Дар соли 2015 гурӯҳи геологҳои ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Кристалл» таъсис дода шуд ва аз 1 то 10-уми августи соли равон дар Олимпиадаи 10-уми геологҳои ҷавони Федератсияи Россия иштирок намудаанд. Хамчунин тайёр намудани кадрҳои геология ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо ҳамеша дар таҳти назорати роҳбариати саридора қарор дошта, дар ҳамин давра 60-нафар дар курсҳои махсуси бозомӯзӣ савияи касбии худро такмил додаанд. Дар ин давра Шӯрои илми –техникӣ 42 лоиҳа ва 56-ҳисоботи геологиро баррасӣ намудаанд.