08:58, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чин дрон-таксии худмухтори якнафара истеҳсол кард

Шубҳае нест, ки дар ояндаи наздик дрон-таксиҳо мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.

Зеро дар Намоишгоҳи таҷҳизоти электронӣ- маишии CES-2016 дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА ширкати чиноии EHang таҷҳизоти парвозии дорои як ҷойи нишастро муаррифӣ кард. Дрони мазкур ҳудудан 200 килограмм вазн дошта, ояндаи наздик ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Арзиши тахминии дрон-таксии якнафара, 200-300 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Раиси молияи ширкати EHang Шан Сяо гуфт, ки акнун барои пешниҳоди харидорон кардани ин таҷҳизот онҳоро зарур аст дар се-чор моҳи оянда тиҷоратикунонии лоиҳаро амалӣ намоянд. Айни замон барои EHang муҳимтарин кор ин гузаштан аз аккредитатсия дар Раёсати федеролии авиатсияи шаҳрвандии ИМА мебошад. Зеро танҳо дар сурати озмоиши муваффақона ин раёсат барои истеҳсоли васеъ ва истифодаи умуми он иҷозат медиҳад. Феълан дрон-таксии намунавӣ ҳамагӣ 23 дақиқа парвоз анҷом медиҳад, ки дар ин муддат парвози он 16 километр роҳро ташкил менамояд. Бояд зикр кард, ки ин таҷҳизоти парвозӣ умуман бо даст идора карда намешавад. Чунки он куллан худмухтор аст.