21:16, 19 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Омори расмии вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон дуруст аст

Муовини директори Пажӯҳишгоҳи эпидемиологӣ

ва микробиологии ба номи Пастери Россия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Александр Семёнов, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тайи якуним моҳ дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти ҳолатҳои коронавирус аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора агентии иттилоотии «Sputnik» 4 сентябр хабар додааст. «Ҳар кишваре барои худ ҳисобдориро муайян мекунад. Ҷое ниёз ба таъйиди озмоишгоҳӣ ҳаст, дар ҷои дигар бар асоси нишондодҳои клиникӣ ташхис медиҳанд. Барои мисол, дар Россия аз ҳарду роҳ истифода мекунанд, дар Олмон аз роҳи севум ё дар Амрико аз роҳи чорум мераванд», — гуфт Александр Семёнов. Раҳбари ҳайати «Роспотребнадзор» мегӯяд, дар Тоҷикистон таъйиди он, ки фавт аз илтиҳоби шуш ё дигар маризӣ рух додааст, дуруст аст. Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба COVID-19 — ро 30 апрел эълон карда буд. Аз он рӯз то ба ҳол, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат 8724 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, 7515 (86,1%) нафар шифо ёфтаанд ва 69 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд.