11:37, 21 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

"Эбола" дар Конго- 6 ҳолати марг дар 24 соат

Давоми як шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Демократии Конго 9 ҳолати

сироятёбии инсон ва 6 ҳолати марг аз вируси «Эбола» ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҷо, шумораи фавтидагон бар асари хуруҷи ин беморӣ аз охирҳои моҳи июли соли 2017-ум то ба имрӯз дар ин мамлакат ҳамагӣ ба 400 нафар расидааст. Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ҳамагӣ 658 ҳолати сироятёбии инсон ба ин бемории марговар дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифта шудааст. Як қисми сироятшудагони вируси «Эбола» тариқи эмгузаронӣ бо истифода аз дорувории махсус сиҳат шуданд. Аз моҳи августи соли гузашта то ин дам зиёда аз 60 ҳазору 500 нафар дар ин кишвар аз эмгузаронӣ гузаштааст. Нишонаҳои сироятёби ба ин беморӣ табларза, сузиши мушакҳо, дарди сар ва дарди гулу мебошанд.