06:32, 27 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

88 куштаи сӯхтор дар Калифорния

Сӯхтори бешазор дар штати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,ки

ҳанӯз идома дорад, торафт шиддат гирифта, аллакай харобиҳои зиёдро дар пай овард. Шумораи фавтидагон бар асари сӯхтор ба 88 нафар расида, 3 ҳазору 175 нафари дигар бедарак гардид. Беш аз 2 ҳазор корманди хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз техникаи зарурӣ ва ҳавопаймоҳо бар зидди сӯхтор мубориза мебаранд. Сӯхтори шадид аз 8 ноябри соли равон дар қисми шимолии Калифорния сар зада, то ин дам бар асари он 14 ҳазор манзили истиқоматӣ, 528 маркази тиҷоратӣ ва даҳҳо автомобили хурду бузург ба коми оташ рафт.