16:53, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Зимистон дар мекӯбад

То фарорасии фасли зимистон рӯзҳои башумор мондааст. Мутахассисони бо

ду ҳавошиносӣ аз сардиҳои шадид маълумот доданд. Ҳанӯз аввали моҳи марти соли 2018 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ба тасвиб расида буд. Ҳамин қарор мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишварро вазифадор кард, ки дар ҳудуди зери нуфузашон нуқтаҳои фурӯши ангишт ва дигар сузишвориҳои ниёзи аҳолиро ба роҳ монанд. Имтиҳони нахустини барфи зимистон ба кадом шаҳру навоҳӣ осон паси сар мешавад? Ин суолест, ки ҳамакнун кулли масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалан посух мегӯянд. Ҳайатаи эҷодии телевизиони Ҷаҳоннамо барои баррасии мавзуъ аз қаламрави ноҳияи Варзоб дидан намуд. Бино ба иттилои масъулин дар ноҳия 28 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, аз ҷумлаи ангишт ва гази моеъ пас аз тасвиби қарор ба фаъолият шуруъ намуда, мунтазам аҳолиро бо маводи сӯхт таъмин мекунанд. Танҳо дар калонтарин ҷамоати ноҳия, ҷамоати деҳоти Чорбоғ наздик ба 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таъсис дода шуда, аҳолӣ бемамониат ва бо нархи даст рас аз он харидорӣ мекунанд. Бинобар пешгуиҳои боду ҳавошиносон гармиҳои тоқатфарсои тобистон сардиҳои шадидро дар фасли зимистон ба бор хоҳад овард. Ва захираи ангишту дигар анвои сӯзишворӣ барои паси сар намудани мушкилиҳои зимистон аз манфиат дур нест. Таҷрибаи таъсиси нуқтаҳои фурӯш баъди тасвиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чи гуна аст? Бино ба маълумоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор - то имрӯз дар қаламрави ноҳия 7 нуқтаи фурӯши ангишт ва дигар намуди сӯзишвории аввалия таъсис дода шудааст. Барои як ноҳия кӯҳистони кишвар то чӣ андоза 7 нуқтаи фурӯш кофӣ аст? - ин масъалаест, ки масъулону мутасаддиён хуб қазоват кунанд.

 

Содирхон Сафарзода муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент дар суҳбати телефонӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» то ба ҳол дар маркази шаҳр ва шаҳраку ҷамоатҳо 20 нуқтаи фурӯши ангишт ва дигар намуди сӯзишвории ниёзи аҳолӣ таъиси дода шуда, ҳамзамон фаъолияти 2 кони истихроҷи ангишт ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин мавсим бештар аз 400 000 сомониро барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр ихтисос додаст. Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмони Иззатманд, ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ба давраи зимистонгузаронӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ангишт ва дигар сузишвории ниёзи аввалия дар ҳудуди ноҳия ва шаҳраку ҷамоатҳои он на камтар аз 7 нуқтаи фурӯш таъисис дода шудааст. Ҳадаф аз баррасии мавзуъ дар он аст, ки дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати татбиқи пурраи қарори ҳукумати ҶТ ҷаҳду талош намуда, бо таъсиси марказҳои фурӯш ниёзи аҳолиро бароварда мекунанд ва ба таъсиси ҷойи нави корӣ замина мегузоранд. Ин дар ҳолест истихроҷи ангишт дар мамлакат дар 10 моҳи соли равон ба 1 млн. 551 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 85 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 53,1 % ба КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, 19,3 % ба Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, 14,4 % ба ҶДММ “Талко- Ресурс”, 5,3 % ба КФ “Зиддӣ”, 3,2 % ба ҶСК “Ангишт” ва 4,7 % ба дигар корхонаҳо рост меояд.

Фазлиддин Нурридинов сухангӯйи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ иброз дошт, ки барои дастрасии аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои кишвар дастрасии ангишт аз корхонаҳои фаръии истихроҷи ангишт ягон мушкилӣ надошта, масъулини шаҳру навоҳиҳои кишварро мебояд, ки бо дасту дили гарм ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ҷаҳду талош намоянд.