14:09, 20 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

3 млрд доллар хисороти обхезӣ дар Ҳиндустон

Боришоти беисти борон, обхезӣ ва ярчфароӣ дар штати Киралаи Ҳиндустон ба иқтисодиёти

ин мамлакат қариб 3 миллиард доллар зарар расондааст. Чунин ҳавои номусоид дар ин ҷо давми қариб 100 соли охир бори аввал мушоҳида гардидааст. Чандин мамлакатҳои дунё пешниҳод кардаанд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офати табии ба Ҳукумати Ҳиндустон кӯмак расонанд. Аммо ин пешниҳодҳо бо дарназардошти имкониятҳои дохилии мамлакат аз ҷониби Ҳиндустон рад карда шуданд. Боришот дар штати Кирала аз 8-ум то 20-уми августи соли ҷорӣ идома кард, ки он офатҳои гуногуни табииро низ дар пай гузошт. Дар ин муддат бар асари ҳодисаҳои табии беш аз 400 нафар ҳалок шуд.