01:24, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Чин шумораи бурсияҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд намуд

Масъалаҳои рушди маориф 23 июл дар мулоқоти муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Сайфиддин Хайриддин

ва муовини раиси Котиботи бурсиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин Петер Ванг Шенганг баррасӣ гардиданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 3000 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Агар соли таҳсили 2017-2018 Ҷумҳурии Мардумии Чин барои донишҷӯёни тоҷик 300 бурсия ҷудо карда бошад, он гоҳ дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи онҳоро ба 350 адад расонд. Ин раванд аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. «Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмӣ-фарҳангии Конфутсий фаъолият менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик ба омӯхтани забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чин машғул мебошанд», — гуфт С. Хайриддин. Ҷонибҳо таҳкими бештари ҳамкории дуҷонибаро ба хотири рушди илм ва маорифи ҳарду кишвар таъкид намуданд.