20:20, 21 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хариду фурӯши ғайриқонунии устухони фил дар Аврупо

Хариду фурӯши ғайриқонунии устухони фил дар як қатор кишварҳои Аврупо торафт бештар ба қайд гирифта мешавад.

Созмони ҳифзи муҳити зист «Авааз» чанд сол боз бар зидди ҳар гуна ҳукуқшиканиҳо оид ба шикори ғайриқонунии фил амалиёти махсус роҳандозӣ менамояд. Намояндагони Созмони мазкур бо баргузор кардани чорабинии махсус ба ҳукуматдорону сокинони кишварҳои Аврупо нишон доданд, ки чӣ гуна устухонпораҳои даҳҳо филро аз шикорчиёни ғайриқонунӣ ва қочоқчиён ҷамъоварӣ намуданд. Хариду фурӯши ғайриқонунии устухони фил дар 10 кишвари узв бештар ба назар мерасад. Дар ягон кишвари Аврупо қонун дар бораи манъи хариду фурӯши устухони ҳайвонҳои нодир амал намекунад. Ҳамасола дар дунё барои ба даст овардани устухони фил зиёда аз 30 ҳазор фил шикор карда мешавад. Теъдоди филҳо дар Африқои Марказӣ давоми чанд соли охир то 66 дарсад коҳиш ёфтааст.