23:23, 20 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода метавонад қариб 3 000 нафар беморро қабул кунад

10.07.2018  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода

шуъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки мавриди таъмиру тармим қарор гирифта буд, ба истифода дода шуд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шуъбаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз қариб 300 000 нафар сокинони шаҳри Турсунзода, ки бевосита барои гирифтани ёрии тиббӣ ба ин беморхона муроҷиат менамуданд, аз сабаби мавҷуд набудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ дар ин муассиса танқисӣ мекашиданд. Аз ин ба баъд бо муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматрасони тиббӣ ин мушкилии муроҷиаткунандагони беморхона бартараф гардид. Акнун ходимони шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода имкон пайдо намуданд, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳамасола қариб 3 000 нафар беморро қабул намоянд.