08:38, 19 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Боздошти 74 қаллоби олами интернет дар ИМА

Тибқи ҳисоботи кормандони Бюрои федеролии тафтишотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар доираи амалиёти муштарк алайҳи

фиребгарони сомонаҳои интернетӣ 74 нафар боздошт гардидааст. Ин тадбир дар ҳамдастӣ бо сохторҳои қудратии чанд кишвари ҷаҳон руйи даст гирифта шуд. Амалиёт 6 моҳ идома ёфт. Аз миёни 74 гумонбари дастгиршуда 42 тан дар ҳудуди Амрико ва боқимонда дар кишварҳои Нигерия, Канада ва Полша дастгир шудаанд. Аз боздоштшудагон наздики 2,5 милион доллари амрикоӣ, ки қайри қонунӣ ба даст оварда шудааст, дарёфту мусодира карда шуд. Ғайр аз ин, 14 миллион доллар, ки аз ҷониби ҷинояткорон бо роҳҳои мубодилаи ғайриқонунии асъор рабуда шуда буданд, ба соҳибони худ баргардонда шуданд.