07:36, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

300 млн кӯдак зери хатари камбизоатӣ

Намояндагони Фонди хайрияи «Наҷоти кӯдакон» иброз медоранд, ки дар саросари ҷаҳон беш

аз як миллиарду 300 миллион кӯдак зери хатари камбизоатӣ ва низоъҳои дохилӣ қарор доранд. Таҳқиқот дар 175 кишвари дунё гузаронида шудааст. Натиҷаи он нишон медиҳад, ки давоми як соли охир вазъияти умумии кӯдакон дар 95 давлат беҳтар аст. Аммо дар 40 кишвари дигар вазъият мураккаб ба назар мерасад. Тибқи ин гузориш, наздики як миллиард кӯдак дар кишварҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. 240 миллион кӯдаки дигар дар кишварҳои мавриди муноқиша қарор доранд. Ин гузориш ба хотири рӯзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мешавад, нашр шудааст.