09:11, 24 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Покистонро гармӣ таҳдид мекунад

Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон гармии навбатии аз ҳад зиёд пешгӯӣ мешавад.

Чанд рӯз қабл ҳарорати ҳаво дар шаҳри Навобшоҳи музофоти Синхд ба беш аз 50 дараҷа расида, боиси нигаронии сокинон гардида буд. Дар тобистон чунин вазъи ҳаво барои сокинони Покистон муқаррарӣ буда, вале дар фасли баҳор рекордӣ ва ташвишовар унвон мешавад. Дар чунин гармии тоқатфарсо фаъолияти марказҳои савдо ва муассисаҳои таълимӣ қатъ гардида, вазъи беморони қалб ва диққи нафас якбора вазнин мегардад.