08:55, 24 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Соли равон ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт ба ягон нафар тақдим карда нахоҳад шуд

Соли равон ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт

аз ҷониби Академияи Шведсия ба ягон нафар тақдим карда нахоҳад шуд. Ҳодисаи мазкур ба коҳишёбии академикон ва нобоварӣ нисбат ба фаъолияти ин академия вобастагӣ дорад. Чанд муддат боз бо ошкоршавии амалҳои шаҳвонӣ дар академияи мазкур чанд тан аз намояндагони он ба истефо рафтанд. Сухан атрофии амалҳои номатлуби аккос ва коргардон Жан Клод Арно меравад. Ӯ шавҳари шоира ва драмманависи кишвар Катарина Фростенсон буда, дар амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занони академияи Шведсия муттаҳам дониста мешавад. Дар таърихи ҷоизасупории Нобел ин аллакай бори 8-ум аст, ки риштаи адабиёт ба он сазовор дониста намешавад. Маросими ҷоизасупории Нобел чун анъана моҳи октябр баргузор мегардад.