12:02, 19 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: Наҷоти 200 фирорӣ

Нозирони наздисоҳилии Либия аз қисми ғарбии ин кишвар беш аз 200 нафар фирориро аз ғарқшавӣ наҷот

доданд. Паноҳҷӯён аз кишварҳои африқо буда, тариқи ду киштии резинӣ ба кишвари Аврупо ҳаракат мекарданд. Дар миёни наҷотёфтагон 71 зан ва 10 кӯдак низ ҳаст. Ба фирориён кӯмакҳои аввалия расонида шуд. Ҳамаи онҳо дар бошишгоҳои махсус ҷой карда шудаанд. Бояд гуфт, ки баҳри Миёназамин ягона роҳи расидан ба кишварҳои Аврупо мебошад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар семоҳаи аввали соли 2018 нозирони наздисоҳилии Либия 4 ҳазор фирориро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.