21:48, 21 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бозгашти 60 000 аҳолӣ ба Ғутаи Шарқӣ

Дар Сурия зиёда аз 60 ҳазор гуреза аз бошишгоҳҳои муваққатӣ

ба Ғутаи Шарқӣ ба хонаҳои худ баргаштанд. Бозгашти сокинон ба минтақа бо дастгирии низомиён сурат гириф. Ҳамзамон дар вилояти ал-Қунейтра нуқтаи аҳолинишини Суэйса ба реҷаи оташбас ҳамроҳ шуд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои дигар, дар шимоли Сурия як экстримист, ки дар тарҳрезии содир намудани амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА иштирок дошт, боздошт гардид. Шаҳрванди Олмон – Муҳаммад Ҳайдар Заммар аз ҷониби воҳидҳои амниятии курд дастгир шудааст. Номбурда феълан мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Бар асари амали террористие, ки 11-уми сентябри соли 2001-ум дар ҳудуди Амрико ба амал оварда шуд, наздики 3 ҳазор нафар ҳалок гардида буд.