07:09, 17 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Россия ва Тоҷикистон маҳдудиятҳои дуҷонибаро барои ширкатҳои ҳавоӣ бекор карданд

Россия ва Тоҷикистон маҳдудиятҳои дуҷонибаеро, ки қаблан

барои ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар ҷорӣ шуда буданд, бекор карданд. Дар ин бора «РИА Новости» дар истинод ба намояндаи Вазорати нақлиёти Россия хабар медиҳад. Рӯзи чоршанбе дар Москва гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Россия ва Тоҷикистон доир гардиданд. «Ҳайатҳо доир ба иқдомҳои муштараки минбаъда дар самти рушди алоқаҳои ҳавоӣ миёни Россия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо парвозҳои таъйиншудаи ширкатҳоро дар доираи ҷадвали зимистонаи 2017-2018 тасдиқ намуданд. Ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда, аз ҷумла, онҳое, ки эълон шуда буданд, бекор карда шуданд»,- изҳор доштанд дар мақомот. Мақомоти авиатсионии Федератсияи Россия эълон карда буд, ки илова ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз 5 апрел иҷозатномаашро ба чанд хатсайри шаҳрҳои Россия барои ширкатҳои ҳавоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон бозпас мегирад. Дар баробари ин, дар ҷадвали тобистона чор хатсайри нав, аз ҷумла, Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд илова мешаванд. Инчунин иштирокдорони гуфтушунидҳо афзоиши ҳаҷми мусофиркашониро миёни ду кишвар зикр намудаанд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 он 14 фоизро ташкил додааст. Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд метавонанд тавассути ҳамаи хатсайрҳои ҳавоӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар намоянд.