07:09, 17 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: Қаҳтӣ дар Афғонистон доман паҳн мекунад

Мувофиқи маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид,

дар Афғонистон қариб 13 милион нафар аз амнияти ғизоӣ маҳруманд. Ин дар ҳолест, ки 3 сол қабл 9 миллион нафар дар Афғонистон аз камбудии маводи озуқаворӣ азият мекашиданд. Коршиносони Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Миллали Муттаҳид сабабҳои асосии афзоиш ёфтани теъдоди касонеро, ки аз камғизоӣ ранҷ мекашанд, дар тағйирёбии иқлим, муҳорибаҳои бардавом, бекорӣ, хушксолӣ, баргаштани гурезагон аз кишварҳои дигар ва вазъяти ноустувори иқтисодии ин кишвар арзёбӣ мекунанд.