14:50, 21 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Тайван: 230 захмӣ бар асари заминларза

Мувофиқи маълумоти охирин, дар Тайван бар асари заминларзаи шадид,

ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон рух дода буд, шумораи зарардидагон ба 230 нафар расид. То ҳол тақдири 175 каси дигар номаълум боқӣ мемонад. Дар пайи офати табиӣ 4 нафар ба ҳалокат расид. Қаблан расонаҳои хабарӣ дар хусуси ба ҳалокат расидани 2 нафар ва ҷароҳат бардоштани 220 кас гузориш дода буданд. Заминларза, ки қувваи он мутобиқ ба ҷадвари Рихтер 6,5 балл нишон дод мешавад, асосан минтақаҳои наздисоҳилии Хуалянро воқеъ дар қисми шимолу шарқии кишвар такон дод. Пас аз заминлрзаи шадид чанд маротибаи дигар аҳолӣ бо қувваи 4 ва 5 балл такон хурдани заминро мушоҳида намуданд. Бар асари офати табиӣ садҳо биноҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар пурра ё қисман хароб гардиданд. Дар зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта то ҳол нафарони зиёд қарор доранд. Ғайр аз ин дар пайи заминларза роҳҳои автомобилгард ва иншооти маъмурию биноҳҳои исстиқоматӣ пурра ё қисман хароб гардиданд. Ҳамзамон дар пайи ин рӯйдоди табиӣ сокинони беш аз ҳазор бинои истиқоматӣ аз истифодаи нерӯйи барқ маҳрум монданд. Дар макони ҳодиса кормандони Хадамоти марбута фаъолият доранд.