13:54, 19 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Хуҷанд 1 миллион дона гул шинонида мешавад

Аз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи

супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам шаҳрро зеб бубахшанд. Масъулини гармхонаи муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд парвариш мекунанд. Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили "Петуния", "Катарантус", "Салвия", "Марҷонгул" парвариш меёбад. Тибқи иттилои масъулин давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида мешавад.