21:03, 24 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: Ироқиён ба манзилҳояшон меоянд

Мувофиқи гузориши охирини Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 3 миллион нафар

паноҳандагони Ироқ пас аз пароканда шудани ҷангиён, ба манзилҳои муқимии зисти худ баргаштанд. Намояндаи расмии котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик ин маълумотро тасдиқ намуд. Қисми зиёди гурезаҳо, ки ба Ироқ баргаштанд, сокинони вилоятҳои Анбор, Найнаво ва Салоҳуддин нишон дода мешаванд. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки зимни амалиёти махсуси зиддитеррористӣ, нерӯҳои ҳарбии Ироқ ва нерӯҳои эътилоф бо роҳбарии ИМА шаҳри Мавсилро, ки соли 2015 террористон зери тасарруф худ гирифта буданд, озод намуданд. Аввалҳои моҳи декабри соли 2017 сарвазири Ироқ Ҳайдар Ал-Ибодӣ вобаста ба хотима ёфтани амалиёти зиддитеррористӣ дар мамлакат, эълон дошта буд.