13:14, 18 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эҳтиёт! зукоми хук хуруҷ кард

Дар Эквадор давоми ду моҳи охир бар асари сироят ёфтани инсон ба зукоми

«Аш-1 Эн-1» ё худ зукоми хук 22 нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти Вазорати тадурустии кишвар, шурӯъ аз 19-уми ноябри соли сипаригардида то 20 –уми январи соли равон беш аз 500 нафар аз намудҳои гуногуни зуком, сироят ёфтаанд. Аз ин теъдод 441 нафар ба зукоми «Аш -1 Эн-1» мубтало гардидаанд. Айни замон дар кишвар ба беш аз 700 ҳазор нафар аҳолӣ эм гузаронида шуд. Зукоми «Аш -1 Эн-1» бори нахуст соли 2009-ум дар Мексика ба қайд гирифта шуда буд.