16:50, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017» мақоми 55-умро касб кард

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017», ки

соли 2017 аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар самтҳои ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд, миёни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мақоми 55 – умро касб намуд. «Тибқи раддабандии мазкур, Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон давлатҳои Озарбойҷон (ҷойи 66), Беларус (ҷойи 78), Қирғизистон (ҷойи 81), Ӯзбекистон (ҷойи 85), Федератсияи Россия (ҷойи 86) ва Арманистон дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд». Маврид ба зикри хос аст, ки натиҷаҳои тадқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои давлатҳо тартиб дода шудаанд. Тибқи раддабандии соли 2016 Тоҷикистон дар зинаи 57 қарор дошт ва он соли 2017 ду зина боло рафт.