01:37, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эълони рӯихати кишварҳое, ки дар он бештар кӯдакон аз бемории фарбеҳӣ азият мекашанд

Як гурӯҳ коршиносон аз донишгоҳи Вашингтони Иёлоти

Муттаҳидаи Амрико рӯихати кишварҳое, ки дар он бештар кӯдакон аз бемории фарбеҳӣ азият мекашанд интишор намуданд. Ҳамин тариқ ҷойи аввалро Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 15 миллион кӯдаки фарбеҳ ишғол намуд. Дар зинаи дуюм бошад Ҳиндустон бо 14 миллион навраси фарбеҳ қарор гирифт. Давоми чанд соли охир дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бразилия ва Индонезия шумораи кӯдакон ва наврасони дорои вазни зиёд 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷаҳон зиёда аз 107 миллион кӯдакон ва 603 миллион калонсолон аз бемории фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Соли 2015-ум Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷиҳати фарбеҳӣ миёни калонсолон ҷойи аввалро ишғол карда буд. Феълан масъалаи вазни зиёдатӣ дар 79 миллион шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 57 миллион сокинони Хитой дида мешавад. Соли 2016-ум дар Ҷумҳурии Мардумии Чин кӯдаконе, ки аз бемории фарбеҳӣ азият мекашиданд 17-дарсадро писарон ва 10 дарсадашро духтарон ташкил медод.