12:00, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 13.06.2017

Вазъи ҳавои кишвар барои рӯзи сешанбе 13-уми июни соли 2017.

Бо такя ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар Шарқи ин вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18****дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 36 то 41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 12 то 17 дараҷа ва ***рӯзона аз 28 то 33 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кутоҳмуддат ба қайд гирифта шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония Дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа ва ***рӯзона аз 21 то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 14 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 8то 13 дараҷа ва ***рӯзона аз 23 то 28 дарача гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 15 то 17 дараҷа ва рӯзона аз 36 то 38 дараҷа гарм мешавад.